ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАНҶИ БЕБАҲО

Бинанда: 208 | Санаи нашр: 12 Сентябр 2024

Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ба шумор меравад. Тоҷикистон давоми 33 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро  дорост. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистон соҳиби Истиқлолият гардид. Истиқлолияте, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳад буд.

“Истиқлолият ин нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад” – гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Инак, 33 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Истиқлолияти комили давлатӣ мебошад. Дар ин муддат давлати соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳои арзишманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гаштааст.

Таърих собит намудааст, ки дар низоми ташаккули давлатдориву давлатсозӣ ҳеҷ як дастоварди аслӣ бидуни соҳибистиқлолии комил арзишҳои бунёдӣ надорад. Ҳамаи ин муваффақияту комёбиҳои халқу мамлакати тоҷикон аз муттаҳидӣ ва меҳандӯстии шаҳрвандон дарак медиҳад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки миллати сулҳпарвари мо пас аз хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои фарҳанги баланд, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат буданд, ҳастанд ва мемонанд.

Яке аз хизматҳои бузурге, ки Сарвари давлатамон дар давраи истиқлолият ба анҷом расонид, ин баргардондани гурезаҳо ба кишвар ва таъмини сулҳу ваҳдати сокинон буд. Дастоварди дигари сиёсии сокинони мамлакат бо сарварии Ҷаноби Олӣ ин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (1994) қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар он низоми нави қонунгузорӣ ташаккул ёфт ва кишвари мо дорои рамзҳои муқаддаси Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.

Марҳила ба марҳила, яъне дар 33 соли соҳибистиқлолӣ бо ғамхориҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сар то сари кишвар вусъат ёфтанд.

Бунёди Роғун яке аз дастоварҳои бузурги даврони истиқлол ва иқдомҳои ҷасуронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Боиси ифтихор аст, ки сохтмони он алҳол бо тамоми қувва идома дошта, пайваста агрегатҳои он ба кор даромада истодаанд. “Нақш ва аҳаммияти Роғун дар ҳаёти мамлакати мо то рафт меафзояд, зеро ин ҷо бузургтарин Неругоҳи барқии обии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бунёд мегардад, ки барои кишвари мо аҳамияти бузурги ҳаётиву стратегӣ дорад”.

Дар ин раванд, инчунин, як қатор роҳҳо ва нақбҳо чун нақби Истиқлол, нақби Озодӣ, нақби Шаҳристон ва ғайраҳо бунёд гардидаанд, ки барои тиҷорат ва некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд.

Халқи тоҷикро мебояд ин 33 соли тақдирсозро таҳлил ва мантиқан ҳазм намуда, ба қадри хизматҳои фарзандони тавонманди миллат расанд. Таҷрибаҳои он қаҳрамононро омӯхта, ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки номаш Истиқлолият аст, расанд ва дар оянда ин таҷрибаҳоро сармашқи кору фаъолияти хеш намоянд. Даствардҳои истиқлолияти тоҷиконро аз ҳарвақта дида бояд бештар тарғибу ташвиқ намоем, зеро Истиқлолият шиносномаи давлати тоҷикон, санаи сарнавиштсозу муқаддас, рамзи саодату шуҷоат, ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амалисозии ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксар кишварҳои олам шинохта шудааст.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар фарди тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигзор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Наврӯзи Мирзо, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top