ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ - АСОСИ РУШДИ ҶОМЕА

Бинанда: 249 | Санаи нашр: 12 Сентябр 2024

Марҳилаи эҳёи давлатдории миллати тоҷик ин истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, ҳамчун падидаи сиёсии таърихии давлату миллати тоҷик ҳисобида мешавад.

Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои миллати тоҷик зарурияти таъсиси давлати мустақил ба вуҷуд омад. Ҳамин буд, ки 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқолӣ ва соҳибихтиёрии хешро ба оламиён эълон намуд. Дере нагузашта, бо дахолати душманони миллати тоҷик ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат оғоз гардид. Дар даврони ҷанг миллати тоҷик ба як қатор мушкилотҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар ҳар хонавода муноқишаву кашмакашиҳо вуҷуд доштанд. Зиёиёни кишвар ҳамеша кӯшиш менамуданд, ки мардумро ба иттифоқу сарҷамъӣ даъват намоянд, аммо қувваҳое вуҷуд доштанд, ки мардумро намегузоштанд, ки муттаҳид гарданд.

Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ин ҷанги хонумонсӯз ба хотима расад ва мардум дар гирди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат муттаҳид шаванд. Мардум дар навбати хеш дарк намуданд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари маҳбуби кишвар роҳи дуруст буда, ин сиёсат Тоҷикистони моро ба як кишвари амну субот оварда мерасонад.

Пешвои миллат дар суханронии хеш бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намуданд, ки сию се сол қабл аз ин мардуми Тоҷикистон аз баракати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, яъне истиқлолу озодӣ тақдири хешро ба дасти худ гирифт ва ба эъмори давлатдории миллии худ оғоз кард. Тоҷикистон ба шарофати истиқлол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёри демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд.

Имрӯзҳо миллати тоҷик дар зери парчами истиқлолу озодӣ, яъне парчами нангу номуси миллӣ ва дар атрофи сиёсати созандаву ободгаронаи давлату Ҳукумати мамлакат муттаҳид гардида, дар ҷодаи тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёри худ ва фароҳам овардани зиндагии муносибу шоистаи ҳар як хонадони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

Истиқлолияти давлат барои миллати сарбаланди тоҷик арзиши аввалиндараҷа дошта, муҳим арзёбӣ мегардад.

Истиқлол аст, ки имрӯзҳо миллати тоҷик дар фазои сулҳу субот зиндагӣ дорад ва шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ намуда, софдилона заҳмат кашида, дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманди хешро гузошта истодаанд.

Насим Давлатов, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top