(бахшида ба Рӯзи байналхалқии кооператсия)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Иттифоқи Тоҷикматлубот ва умуман системаи кооператсияи матлуботи ҷумҳуриро назаррас арзёбӣ карда иброз доштанд, ки “Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозиҳои ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини мардуми деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст”. Воқеан ҳам дар тули фаъолияти беш аз садсолаи худ Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ исбот намуд, ки дар рушду нумуи иқтисоди ҷумҳурӣ саҳми назарраси худро мегузорад.
Ҳоло ташкилотҳои кооперативии ҷаҳонӣ қариб 300 сол ва кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, беш аз 100 сол фаъолият карда истодаанд. Дар давоми ин муддати сипаришуда ҳаракати кооперативӣ чандин давраҳои ривоҷу равнақи комил, таназзулу қафоравиҳо, бурду бохтҳо ва амсоли инҳоро аз сар гузаронидааст. Маврид ба зикр аст, ки аввалин ташкилоти кооперативӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҳанӯз соли 1916 ба фаъолият шуруъ намуда буд. Солҳои минбаъда ташкилотҳои гуногуни кооперативӣ ва иттифоқи кооперативҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил гардида, давра ба давра инкишофу рушд намуд.
Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатӣ, ҷамъиятию хоҷагӣ ва қисми таркибии кооператсияи умумиҷаҳонӣ мебошад. Ҳаракати кооперативӣ ва кооператсияи матлубот дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшу мақоми намоён дошта, торафт қобили ҳаётӣ будани худро исбот намуда истодааст.
Кооперативҳои ҷудогона ҳанӯз ибтидои асри XIX дар Россия, Испания, Словакия, Швейтсария ва ИМА пайдо шудаанд. Дар мамлакатҳои Осиё ва Африка бошад, кооператсияи матлубот ва қарздиҳию таъминотӣ дар ибтидои асри XX ташкил карда шуданд.
Вобаста ба фарорасии заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ ҳаракати кооперативӣ ва ташкили кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои зеринро аз сар гузаронидааст:
Давраи I солҳои 1916-1940. Пайдошавӣ ё ташкили кооператсияи матлубот;
Давраи II солҳои 1941-1990. Равнақу ривоҷи кооператсияи матлубот дар давраи Шуравӣ;
Давраи III солҳои 1991-2010. Кооператсияи матлубот дар давраи гузариш ба иқтисодӣ бозорӣ;
Давраи IV солҳои 2011-2024 вазъи ҳозираи кооператсияи матлубот ё асосҳои иқтисодию ташкилии фаъолияти босуботи кооператсияи матлубот.
Хусусияти давраи якум дар он буд, ки ҳаракати кооперативӣ ва ташкили кооператсияи матлубот оҳиста-оҳиста тамоми қаламрави мамлакати моро фаро гирифт, ки ба он вусъати ҳаракати кооперативӣ дар ҷаҳон ва таъсиси Алянси байналмилалии кооперативӣ дар соли 1895 мусоидат намуда буд. Дар ин давра ҷамъияти матлуботи Душанбе 30 адад, Хуҷанд – 29, Қаратоғ – 20, Ғарм – 4, Ҳоит – 3, Кӯлоб – 3 ва Ҷиргатол – 2 кооперативро дар ҳайати худ муттаҳид мекард. Соли 1927 дар шаҳри Душанбе филиали Иттифоқи матлуботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Ӯзбекбирлашув” таъсис ёфт, ки ҳамаи ин ҷамъиятҳои матлуботро сарпарастӣ менамуд.
Давраи дуюм, давраи ривоҷу равнақи кооператсияи матлубот буда, он ба меҳнаткашон, коргарон, деҳқонон ва зиёиён хизматрасонии босифат расонида, талаботҳои рӯзмарраи онҳоро ба молҳои хӯрокворию ғайрихӯрокворӣ пурра таъмин менамуд. Вале ин меҳнати осоишта бо сабаби оғоз ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ қатъ гардида, таркиби фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла Иттифоқи Тоҷикматлубот дигаргун карда шуд. Дар он давра муваққатан аз тиҷорати озод ба савдои меъёрӣ, яъне “низоми карточкагӣ” рӯй оварда шуд, ки дар натиҷа муомилоти мол хеле кам гардид. Дар солҳои баъдиҷангӣ бо баланд шудани некуаҳволии аҳолии деҳот ҳаҷми гардиши савдои кооперативӣ мунтазам афзоиш ёфт. Инчунин, тиҷорати тарафайни молҳои озуқаворию саноатӣ бо колхозҳо аз ҷониби кооператсияи матлубот ташкил карда шуд. Маҳз дар ин давра рушду нумуи воқеии системаи кооператсияи матлубот ба вуҷуд омад.
Давраи сеюм аз марҳилаҳои пешин бо мазмуну мароми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ куллан фарқ менамуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар низоми кооператсияи матлубот низ гузариш ба муносибатҳои бозорӣ оғоз гардид.
Бо сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳама паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, аз ҷумла низоми кооператсияи матлуботи мамлакат зарари зиёди иқтисодию молиявӣ расид. Мувофиқи тасдиқоти Анҷумани XlV кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2000 дар ин давра 64% - и шабакаҳои хӯроки умумӣ ва 80% - и шабакаҳои савдои соҳа фаъолият надоштанд.
Бояд гуфт, ки барои фаъолияти босуботи кооператсияи матлуботи мамлакат, дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат намуд. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 1998 таҳти №186 “Дар бораи тадбирҳои барқарор намудан ва инкишоф додани фаъолияти савдо, захиракунӣ ва истеҳсолии Иттифоқи Тоҷикматлубот” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми сентябри солии 2000 таҳти №399 “Дар бораи дастгирии давлатии кооператсияи истеъмолкунандагон” қабул гардиданд, ки ин худ як дастгирии давлатии системаи кооператсияи матлуботи мамлакат мебошад.
Давраи чорум давраи навини рушду нумуи соҳаи кооператсияи матлубот мебошад. Ба хотири таъмини фаъолияти муътадили кооператсияи матлубот, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо молҳои ниёзи мардум ва густариши муносибатҳои мутақобилаи судманд бо истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ аз ҷониби саҳмдорони кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ корҳои назаррас ба анҷом расонда шуд.
Ҳоло ба андешаи мо, зарурати фаъол кардани ҳамкориҳои бахши давлатӣ, кооперативӣ ва хусусӣ ба миён омадааст. Бо ин роҳу восита рушду нумуи воқеии иқтисодро таъмин намудан мумкин аст.
Хулоса, таҳлили фаъолияти беш аз 100 солаи соҳаи кооператсияи матлубот нишон медиҳад, ки низоми кооператсияи матлубот таҳти сарпарастии Иттифоқи Тоҷикматлубот дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободию шукуфоии мамлакат саҳми босазо дорад.
Чун дар арафаи Иди касбии матлуботчиён - Рӯзи байналхалқии кооператсия қарор дорем, ҳамаи кооператорони ҷумҳурӣ, алалхусус масъулини Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлуботро бо ин рӯзи саид табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, сарфарозӣ ва дар фаъолияти кориашон дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамоем.
Зуҳалҷон Туйчиқулов, номзади илми иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисодии ДДТТ