Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар соли таҳсили 2023-2024

Муқаррароти умумӣ   

1.Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №306)» ва «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар соли таҳсили 2023-2024 (қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2022, №17/18)» таҳия гардидааст.

2.Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, ташкил ва гузаронидани суҳбат (озмун)-и қабул бо фармоиши ректори ДДТТ комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули ДДТТ ректор мебошад. Дар вақти набудани раис ваколатҳои ӯ ба зиммаи муовини раис (муовини якум, муовини ректор оид ба таълим) гузошта мешавад.

3.Ректор аз ҳисоби омӯзгорони таҷрибадор, номзадҳо ва докторҳои илм котиби масъули комиссияи қабулро баъд аз мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд.

4.ДДТТ танҳо бо доштани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки қабули довталабонро аз рӯи равия ва ихтисосҳои дар замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ буда расман эълон намояд.

ДДТТ вазифадор аст, ки довталабонро бо иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ шинос намояд.

5.Қабули донишҷӯён ба ДДТТ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо аз рӯи равия ва самти ихтисосҳои амалкунанда дар доираи замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ амалӣ карда мешавад.

6.Комиссияи қабули ДДТТ бояд то оғози қабули ҳуҷҷатҳои довталабон номгӯи саволномаҳои суҳбат (озмун)-ро аз рӯи равия ва ихтисосҳо таҳия намуда, теъдоди қабули донишҷӯёнро тибқи нақшаи қабул аз рӯи равия ва ихтисосҳои амалкунанда эълон намояд.

7.Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро (давлатӣ ва ѓайридавлатӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ё шартномавӣ бо «Дипломи аъло» хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати самти ихтисос ба курси 2-юми шуъбаҳои рӯзона ва ё фосилавии донишгоҳ бе суҳбат қабул карда мешаванд.

8.Шахсоне, ки гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи муқаррарӣ хатм намудаанд, пас аз 3 соли хатм ва фаъолияти корӣ дар истеҳсолот дар сурати мувофиқати равия ва самти ихтисос ба курси 2-юми шуъбаҳои рӯзона ва ё фосилавии донишгоҳ тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

9.Шахсоне, ки гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи фосилавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи муқаррарӣ хатм кардаанд ва собиқаи кории на камтар аз 3-сола дар истеҳсолот доранд, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, хислатнома аз ҷойи кор) дар сурати мувофиқат намудани равия ва самти ихтисос ба курси 2-юми шуъбаҳои рӯзона ва ё фосилавии донишгоҳ тариқи озмун қабул карда мешаванд.

10.Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул барои довталабони шуъбаи рӯзона аз 01 июл то 25 август, барои довталабони шуъбаи фосилавӣ ва 01 июл то 20 декабр муқаррар карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабули ДДТТ пешниҳод менамоянд:

-ариза ба номи ректор;

-ҳуҷҷат дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ - асл (маълумотнома дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад).

-маълумотномаи тиббӣ (шакли № 038);

-6 адад сурат (андозаи 3х4 см);

-шиноснома;

-билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;

-ҳангоми будани собиқаи корӣ нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.

12.Довталабоне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи касбиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд, баъди баробарарзишии ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот метавонанд ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.

13.Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншудаи комиссияи суҳбат (озмун) бесабаб ҳозир нашудаанд, аз суҳбат (озмун) нагузашта ҳисобида мешаванд.

14.Дар давраи гузаронидани суҳбат (озмун)-и қабул бо фармоиши ректор комиссияи апеллятсионӣ таъсис дода шуда, раиси он таъин карда мешавад. Дар вақти набудани раис ваколатҳои ӯ ба уҳдаи муовини раис гузошта мешавад. Ба ҳайати комиссияи апеллятсионӣ чун қоида ба сифати экспертҳои бетараф метавонанд омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар ҷалб карда шаванд.

15.Аз рӯи натиҷаҳои суҳбат (озмун)-и дохилшавӣ довталаб ҳуқуқ дорад, ки оид ба натиҷаи дар суҳбат (озмун) ба дастовардааш ба комиссияи апеллятсионии назди донишгоҳ ба таври хаттӣ дар муҳлати то 3 рӯз муроҷиат намояд. Баррасии апеллятсия аз нав аз суҳбат (озмун) гузаштан набуда, танҳо санҷиши дурустии баҳои суҳбат (озмун)-и дохилшавӣ мебошад.

Баъди баррасии апеллятсия қарори комиссияи апеллятсионӣ оид ба баҳои суҳбат (озмун) қабул карда мешавад. Дар мавриди ба миён омадани зарурати таѓйир додани баҳо бо қарори комиссияи апеллятсионӣ дар протоколи суҳбат таѓйирот ворид карда мешавад.

16.Натиҷаи суҳбат (озмун) дар протоколи махсус қайд карда мешавад (нусхаи протокол замима мегардад).

17.Ҳаҷми маблаѓи таҳсил барои таълими шартномавӣ дар асоси қарори Шӯрои олимон муайян ва бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, аз тарафи муассис тасдиқ ва дар Қоидаҳои қабули донишгоҳ дарҷ мегардад. Довталабон баъди аз суҳбат (озмун) гузаштан, фақат дар сурати пардохт намудани маблаѓи таҳсил тибқи талаботи қарордод ба муассисаи таълимӣ қабул карда мешаванд.

18.ДДТТ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи фаъолияти кори комиссияи қабул (барои қабули довталабони шуъбаи рӯзона то 20 сентябр ва барои довталабони шуъбаи фосилавӣ то 30 декабр) маълумоти муфассал пешниҳод менамояд.

19.Фармоиши ректор оид ба қабули донишҷӯён (рӯзона то оғози соли таҳсил, фосилавӣ то 30 декабр) аз тарафи ректори донишгоҳ ба имзо мерасад.

20.Назорат аз болои фаъолияти комиссияи қабул аз тарафи ректори донишгоҳ ба амал бароварда мешавад.

21.Таъмин, риоя ва иҷрои Қоидаҳои қабул ҳатмӣ мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top