Эълон!

Бинанда: 6 | Санаи нашр: 27 Август 2026

19 сентябри соли 2026 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Парадигмаи рушди низоми гумрукӣ дар заминаи рақамикунонии иқтисодӣ"-ро баргузор мекунад. Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, олимон ва муҳаққиқон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои тадқиқотӣ ва ҷомеаи тиҷоратӣ барои иштирок даъват карда мешаванд.

 

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

  1. Гумрук ва нақши он дар тиҷорати хориҷӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ.
  2. Дурнамои рушди инноватсионӣ ва такмили низоми гумрук дар шароити рақамикунонӣ.
  3. Таҳияи механизми беҳтар кардани сифати хизматрасонии гумрукӣ.
  4. Таҷрибаи гумрукӣ: вазъи кунунӣ, чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ ва дурнамо.
  5. Таъминоти кадрӣ дар системаи гумрук.

    Дар ин робита, олимон, муҳаққиқон, магистрҳо ва докторантҳо, аспирантҳо ва шахсони манфиатдор, ки мехоҳанд дар конфронс иштирок кунанд, метавонанд мақолаҳои худро ба суроғаи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2,  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, то 25-уми августи соли 2026 манзур намоянд.

 

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ

 

Pdf: МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ 2026

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top