ЭЪЛОН!

Бинанда: 103 | Санаи нашр: 01 Июл 2026

Ба диққати донишҷӯёни ДДТТ расонида мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар барномаи Созмони ҷаҳонии гумрук (ВТО) як қатор бурсияҳоро барои таҳсил дар барномаи магистратура дар соҳаи идоракунии стратегӣ ва ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар Донишгоҳи Аояма Гакуин (AGU)-и шаҳри Токио, Япония пешниҳод менамояд.

Маблағгузории ин бурсияҳо аз ҷониби Хадамоти гумруки Япония дар доираи Барномаи рушди захираҳои инсонӣ байни Япония ва ВТО амалӣ мегардад.

Барномаи мазкур барои довталабони зинаи магистратура аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ гардида, имкониятҳои таҳсил ва такмили ихтисосро дар Донишгоҳи Аояма Гакуин (AGU)-и шаҳри Токио, Япония фароҳам меорад.

Давомнокии барнома то 18 моҳро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти ҷониби ташаббускор, тамоми хароҷоти вобаста ба иштирок дар барнома, аз ҷумла сафарҳои байналмилалӣ, манзил, дастрасӣ ба инфрасохтори таълимӣ ва табодули академӣ аз ҷониби мизбон маблағгузорӣ карда мешавад.

Ба маълумоти довталабон расонида мешавад, ки бақайдгирӣ барои иштирок дар барномаи мазкур то 24 августи соли 2026 идома меёбад. https://www.aoyama.ac.jp/faculty/graduate_business/smipr/admissions/

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоед.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top