СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

Бинанда: 18 | Санаи нашр: 20 Май 2026

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба маълумоти мудирони кафедраҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон, муҳаққиқон, докторантон (PhD), унвонҷӯён ва магистрантон мерасонад, ки тибқи нақшаи баргузории семинарҳои омӯзишӣ оид ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, санаи 29 майи соли 2026, соати 15:00 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари машваратӣ баргузор мегардад.

Дар семинар масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:

  • фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ;
  • талаботи муосир оид ба омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ;
  • таҳияи рисолаҳои илмӣ;
  • мақолаҳои илмии тақризшаванда;
  • самтҳои рушди фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотӣ.

Барои иштирок даъват мешаванд:омӯзгорон; муҳаққиқон; докторантон (PhD); унвонҷӯён;

магистрантон.

Макон: Толори шурои диссертатсионӣ

Сана: 29 майи соли 2026

Вақт: 15:00

Маълумоти бештар: Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top