Ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки Universidad de Málaga (Донишгоҳи Малага), Шоҳигарии Испания, дар доираи барномаи Erasmus+ KA171 барои донишҷӯёни донандаи забонҳои испанӣ ва англисӣ бурсия барои соли таҳсили 2026–2027 пешниҳод менамояд.
Талаботҳо:
- нусхаи шиносномаи хориҷӣ;
-маълумотнома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯӣ;
-транскрипт (GPA на камтар аз 3.5);
-сертификати донистани забонҳои испанӣ ё англисӣ (сатҳи B1 ё B2);
-мактуби ангезавӣ (Motivation Letter);
-2 дона тавсиянома;
-дипломи дараҷаи бакалавр (барои довталабони магистратура);
-лоиҳаи рисолаи магистрӣ (барои магистратура);
-лоиҳаи рисолаи докторӣ (PhD) (барои докторантура);
-шартномаи омӯзишӣ (Learning Agreement) барои давраи таҳсил дар Донишгоҳи Малага.
Барои маълумоти муфассал: https://www.uma.es/
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 20.05.2026.
Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоед.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 