ЗИ МАРДОНИ ВАТАН МАРДӢ БИЁМӮЗ!

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 18 Апрел 2026

17-уми апрели соли 2026 ҳайати васеи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар чорабинии ҳарбӣ-ватандӯстии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Зи мардони Ватан мардӣ биёмӯз”, ки дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими даъвати наваскарон ба сафи Артиши миллӣ гузаронида шуд, ки дар он Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД генерал-майор Рауфзода Суҳроб Орзу ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хурсандибахш аст, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва дар ин руҳия тарбия намудани ҷавонон аз ҷониби Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо Сипоснома қадронӣ карда шуд.

Дар фарҷом машқҳои ҳарбӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ манзури тамошобинон гардонида шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top