Сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 02 Апрел 2026

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» аз 6 то 10 апрели соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ» баргузор мегардад.

 Фестивал бо иштироки намояндагони донишгоҳҳои кишварҳои ИДМ, давлатҳои Осиё, Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои хориҷӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

 Чорабинӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои зерин баргузор мегардад:

- шаҳри Душанбе – Маркази «ЭКСПО-Душанбе» (6-7 апрел)

- шаҳри Хуҷанд – Қасри варзиш (10 апрел)

- ноҳияи Данғара – Варзишгоҳи марказӣ (8 апрел)

 Ҳадафи фестивал муаррифии имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва фароҳам овардани имконият барои ҷавонони кишвар ҷиҳати гирифтани маълумоти олӣ дар муассисаҳои таълимии хориҷӣ мебошад.

 Дар доираи фестивал-намоишгоҳ:

• муаррифии барномаҳои таҳсил ва стипендияҳо;

• мулоқоту гуфтушунидҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо;

• мизи мудаввар оид ба сифати таҳсил ва мутобиқсозӣ ба стандартҳои байналмилалӣ;

• барномаҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.

  Телефон барои тамос: +992 3372 23 23 59; +992 93 812 61 61 тел/факс: +992 372 21 18 83,

 Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top