Тибқи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои соли 2026, моҳи апрели соли ҷорӣ дар донишгоҳ гузаронидани конференсияи илмию назариявии ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи ҷадвали тасдиқшуда конференсияи илмию назариявии ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ аз 20.04.2026 то 22.04.2026 ва конференсияи илмию назариявии донишҷӯёни донишгоҳ аз 23.04.2026 то 25.04.2026 гузаронида мешавад.
Барномаи конференсия: Фармоиши Ҳафтаи илм - 2026
Раёсати илм ва инноватсия
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 