Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 30-юми марти соли 2026 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии дар мавзуи “Ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо” бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар пояи кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ доир менамояд. Ба конференсияи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.
Дар конференсия масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
- Масоили умумии экологӣ
- Аҳамияти пиряхҳо барои таъмини амнияти обӣ
- Ташаббусҳои байналмилалии тоҷикистон
- Дипломатияи экологӣ ва обии тоҷикистон
- Рушди устувор ва маърифати экологӣ
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо, докторантоне, ки дар кори конференсия хоҳиши ширкат варзидан доранд, метавонанд то 25-уми марти соли 2026 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 26-уми марти соли 2026 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.
Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 28-уми марти соли 2026 фиристода мешаванд.
Одинабеков Х.В. (мутасаддӣ) Тел.: (+992 34) 234-85-44, (+992) 93 303 22 33
Почтаи электронӣ:
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
PDF: Ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо.docx
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 