Бо мақсади иҷрои талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2026, №АП – 950 тасдиқ шудааст ва инчунин тибқи фармоиши ректори донишгоҳ таҳти рақами №03/1 аз 19.01.2026 бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав даври якум – даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар байни бакалаврон, магистрон, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯи ихтисос (PhD) ва омӯзгорони донишгоҳ аз 01.04.2026 то 06.04.2026 аз рӯйи бахшҳои зерин гузаронида мешавад:
- Математика (арифметика, алгебра, геометрия);
- физика ва астрономия;
- Химия;
- Биология (ботаника, зоология, анатомия);
- География;
- Технологияи иттилоотӣ;
- Ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Низомнома ва шартҳои озмун: Низомномаи Озмуни Илм фуруғи маърифат ДДТТ_01.01.2026
Муфассал: https://www.president.tj/event/documents/54525
Барои маълумоти иловагӣ ба раёсати илм ва инноватсия муроҷиат намоед.
Раёсати илм ва инноватсия
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 