БУРСИЯ ДАР ДОИРАИ БАРНОМАИ «SEOUL TECH SCHOLARSHIP»

Бинанда: 31 | Санаи нашр: 28 Январ 2026

Ба диққати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ расонида мешавад, ки Ҳукумати шаҳри Сеули Корея ҷанубӣ дар доираи барномаи «Seoul Tech Scholarship» довталабонро дар озмуни бурсияи Ҳукумати шаҳри Сеул «Seoul Tech Scholarship» дар соҳаи илм ва муҳандисӣ иттилоъ даъвати иштирок менамояд.

Ҷониби даъваткунанда тамоми хароҷоти ширкат дар барномаи мазкурро дар давоми ду соли таҳсил ба уҳдаи худ мегирад. Қабули ҳуҷҷатҳо ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) сурат гирифта, санаи ниҳоии пешниҳод то 6 марти соли 2026 муқаррар гардидааст.

Вобаста ба ин, аз довталабони хоҳишманд даъват ба амал оварда мешавад, ки барои иштирок дар барномаи мазкур ҳуҷҷатҳои заруриро дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод намоянд.

 

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат кунед.

Маълумоти муфассал:

https://www.hissf.or.kr/home/eng/M681918412/contents.do

www.scholaro.com

 

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 28 феврали соли 2026

 

PDF: attachment 1. Admission Information for Universities

       Announcement of 2026 Seoul Tech Scholarship

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top