Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, техналогия, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ, кашфиёт, навоварӣ ва эҷодкорӣ, баланд бардоштани мақому мартабаи олимону омӯзгорон дар ҷомеа, ҷалби бештари онҳо ба корҳои илмию таҳқиқотии сатҳи баланд, тайёр кардани кадрҳои минбаъдаи илмӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва инкишоф додани неруи зеҳнии онҳо буда даври якум – даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол” дар байни омӯзгорон ва олимони донишгоҳ аз 16.02.2026 то 21.02.2026 аз рӯйи равияҳои зерин гузаронида мешавад:
1. Равияи фанҳои экология ва география;
2. Равияи фанҳои риёзӣ;
3. Равияи фанҳои физика ва астрономия;
4. Равияи фанҳои техникӣ;
5. Равияи фанҳои технологӣ;
6. Равияи фанҳои иқтисодӣ;
7. Равияи фанҳои таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ;
8. Равияи фанҳои фалсафа, сотсиология, диншиносӣ, психология;
9. Равияи фанҳои филология, фарҳангшиносӣ.
Иштирокчиён маводҳои озмуниро метавонанд то санаи 16.02.2026 ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.
PDF: Низомномаи Озмуни Олими сол 2026
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 