МИЗИ МУДАВВАР "Баробарии гендерӣ - асоси ҳуқуқи инсон: ситезаҳои фаромиллӣ ва маҳаллӣ"

Бинанда: 41 | Санаи нашр: 04 Декабр 2025

бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Мизи мудавварро дар мавзуи "Баробарии гендерӣ - асоси ҳуқуқи инсон: ситезаҳои фаромиллӣ ва маҳаллӣ" ба нақша гирифтанд, ки ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бахшида шуда, 10 декабри соли 2025 (соати 10.00) баргузор мегардад. Забони чорабинӣ – тоҷикӣ ва русӣ буда, иштирок дар он дар шакли ҳузурӣ сурат мегирад.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муҳокимаи масъалаҳои муосири баробарии ҷинсӣ (гендерӣ) дар заминаи ҳуқуқи инсон, муайян кардани мушкилоти мавҷуда ва таҳияи тавсияҳо барои ҳалли онҳо дар сатҳҳои фаромилӣ ва миллӣ мебошад.

Барои иштирок дар Мизи мудаввар олимони соҳаҳои ҳуқуқ, омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, докторантҳо, аспирантҳо, магистрантҳо, донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

Мавзӯъҳои асосии муҳокимаи Мизи мудаввар:

- Асосҳои назариявии баробарии гендерӣ;

- Таърихи таҳияи мафҳуми баробарии гендерӣ;

- Шарҳи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба баробарии гендерӣ;

- Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва баробарии гендерӣ;

- Таҳлили мафҳуми ҳуқуқи башар дар заминаи баробарии гендерӣ;

- Муҳокимаи қонунгузорие, ки ҳуқуқи занонро ҳифз мекунад;

- Таъмини баробарии гендерӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ;

- Масъалаи ҳуқуқтатбиқ дар соҳаи баробарии гендерӣ;

- Нобаробарии гендерӣ дар кишварҳои гуногун: омор ва мисолҳо;

- Таъсири омилҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба баробарии гендерӣ;

- Намунаҳои амалияҳо ва ташаббусҳои муваффақ барои ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон;

- Нақши маориф ва маърифат дар ноил шудан ба баробарии гендерӣ;

- Иштироки мардон дар пешбурди баробарии гендерӣ;

- Пешгуиҳо ва тавсияҳо барои беҳтар кардани баробарии гендерӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ;

- Муҳокимаи нақши технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар пешбурди баробарии гендерӣ;

- Пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳамчун омили муҳим дар таъмини баробарии гендерӣ.

Маводи ҷамъбастии чорабинӣ аз рӯйи натиҷаҳои тақриз ва санҷиши пешакӣ дар сомонаи донишгоҳ ҷойгир карда мешавад.

Барои иштирок дар чорабинӣ то 05 декабри соли 2025 ирсоли дархост ба суроғаи электронии ҳамоҳангсоз (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) бо зикри насабу ном, дараҷаи илмӣ, ҷой кор, мансаби ишғолкарда ва мавзуи баромад зарур мебошад.

Дар мавзуи мактуб лутфан рамзи Мизи мудавварро нишон диҳед: Мм-ҲИ-25. Баъди қабули дархост Кумитаи тадорукот мувофиқатии мавзуи баромадро бо рӯзномаи Мизи мудаввар месанҷад ва дар давоми ду рӯзи корӣ ба суроғаи электронии муаллиф оид ба ворид намудан ба барномаи чорабинӣ ё ради он бо зикри сабаб хабар медиҳад.

Дархосте, ки баъди муҳлати муайяншуда пешниҳод мегардад, ба барнома ворид карда намешавад.

    Бо эҳтиром,

Кумитаи тадорукот

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top