Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 20-уми декабри соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани дараҷаи азхудкунии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ)ва роҳҳои беҳтар намудани сифати ин дарсҳо аз ҷониби омӯзгорон” баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
1. Саҳми Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон бо сарварии Асосзгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Истиқлолият дар такмил ва таълими омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ
2. Таълими босифати забони давлатӣ асоси самаронокии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ
3. Роҳ ва усулҳои инноватсионии баланд бардоштани сифати дониши донишҷуён аз забонҳои русӣ ва англисӣ
4. Ташаккули насли ҷавон бо салоҳиятҳои забонии ҷаҳонӣ
5. Таҳкими нақши омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавассути илм, маориф ва фарҳанг
6. Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ
7. Такмили заминаи мавҷудаи таълимию методӣ оид ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ
8. Роҳҳои ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ дар доираи такмили мазмуни омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ
9. Истифодаи воситаҳои муосири таълимӣ дар дарсҳои забонҳои русӣ ва англисӣ
10. Шаклҳои гуногуни таълими фосилавӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ
11. Нақш ва мавқеи воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 15-уми декабри соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 15-уми декабри соли 2025 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.
Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 15-уми декабри соли 2025 фиристода мешаванд.
Қаҳоров Масъуд Маҳмудович (мутасаддӣ) Тел.: +992-934444155.
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
PDF: Мактуби ВМИҶТ
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 