Донишҷӯёни азиз!
Шуморо барои иштирок дар Озмуни Хакатон, ки дар доираи лоиҳаи академии CirculEC таҳти унвони: «Таҳияи барномаҳои таълимӣ ва модулҳои инноватсионии иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор» гузаронида мешавад, даъват менамоем.
Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Erasmus+ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи озмун — ҷалби донишҷӯён ба таҳияи идеяҳо ва ҳалли эҷодкорона дар самти иқтисодиёти даврӣ, идоракунии захираҳо, ҳифзи муҳити зист ва моделҳои устувори рушд мебошад.
Кӣ метавонад иштирок кунад?
Донишҷӯёни ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон
- Гурӯҳҳои 2–5 нафарӣ
- Иштирок ройгон аст
- Самтҳои асосии Хакатон:
- Иқтисодиёти даврӣ
- Идеяҳои сабз ва ҳифзи муҳити зист
- Технологияҳои устувор
- Идоракунии оқилонаи партовҳо
- Ҳаллу пешниҳодҳои рақамӣ барои рушди устувор
Бақайдгирӣ: Барои иштирок, лутфан аз пайванди зерин гузаред: https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSdDyXgeaUdQkoNvG89s6OFEsEzCLm8ppQqenPdsD9Xg7LYpvQ/viewform
Мукофот: Ғолибонро тӯҳфа ва сертификат аз ҷониби лоиҳа интизор аст.
Муҳлати бақайдгирӣ то 25.11.2025
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 