Эълон

Бинанда: 69 | Санаи нашр: 07 Ноябр 2025

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 26-27-уми ноябри соли 2025 гузаронидани конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами назария ва амалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

1. Мушкилот ва таҷрибаи татбиқи СБҲМ дар Тоҷикистон;

2. Таҷрибаи татбиқи ISA ва НС дар кишварҳои гуногун;

3. Самтҳои такомули баҳисобгирии молиявӣ ва андоз;

4. Баҳисобгирии идоракунӣ ва системаҳои прогрессивии баҳисобгирии хароҷот;

5. Мушкилоти ташаккули ҳисоботи ҷамъиятии ғайримолиявӣ ва интегратсионӣ;

6. Татбиқи ҳисобот оид ба рушди ширкатҳо ва масоили таъминоти баҳисобгирӣ- назоратии он;

7. Самтҳои асосии рушди аутсорсинг, машварати муҳосибӣ ва аутстаффинг дар шароити муосир;

8. Тадқиқоти омории падидаҳо ва равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ;

9. Дурнамои рушди таҳсилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва касби муҳосибӣ.

       Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 24-уми ноябри соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 24-уми ноябри пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.

Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 20-уми ноябри соли 2025 фиристода мешаванд.

Раҷабзода Олимхон Ҷурахон (мутасаддӣ) Тел.: +992555552978.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top