Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ

Бинанда: 25 | Санаи нашр: 29 Октябр 2025

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 21-уми ноябри соли 2025 конфронси  илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мавқеи таълимоти назарияи иқтисодӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсионӣ» бахшида ба 85-солагии профессор Бобокалони Исомат, баргузор менамояд. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

Бахш I. Мавқеи афкори иқтисодӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ;

Бахш II. Тағйирёбии фаъолияти хоҷагидорӣ ва иқтисодӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсионӣ;

Бахш III. Раванди рақамикунонӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ;

Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 15-уми ноябри соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.

Забони конфронс: тоҷикӣ ва русӣ.

Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 15-уми ноябри соли 2025  пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.

Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 19 ноябри соли 2025 фиристода мешаванд.

Туйчиқулов Зуҳалҷон Ҷониқулович (мутасаддӣ)  (+992)  935835090, 918722472

Султонов Зоиршо Султонович (мутасаддӣ)

Тел.: (+992 34)  234-85-44, (+992)  937266050,

 

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

PDF:  МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ ДДТТ 21.11.2025

           ЭЪЛОНИ КОНФРЕНСИЯ_Taj_ ДДТТ 21.11.2025

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top