Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи санаи 29-уми октябри соли 2025 гузаронидани конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Рушди низоми пулии кишвар дар шароити иқтисодиёти рақамӣ» баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
- Ҷараёни рақамикунонии иқтисод ва таъсири он ба соҳаҳои гуногун;
- Зарурияти мутобиқшавии низоми пулӣ ба шароити нави рақамӣ;
- Монеаҳои рушди низоми пулии классикӣ дар фазои рақамӣ;
- Рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявӣ;
- Зарурати таҳаввулот дар низоми пулӣ бо дарназардошти рушди иқтисоди рақамӣ.
- Маҳдудиятҳо ва имкониятҳои ҷорӣ кардани пулҳои рақамӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд.
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 13-уми октябри соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 13-уми октябри соли 2025 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.
Даъватномаҳо барои иштирок дар конфронс то 15-уми октябри соли 2025 фиристода мешаванд.
Ҳалимов Лоиқ Мирзовалиевич (мутасаддӣ)
Тел.: (+992 93) 4444186
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Мактуби иттилоотӣ дар формати pdf
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ