ЭЪЛОН

Бинанда: 21 | Санаи нашр: 16 Октябр 2025

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 24-25 октябри соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Рақамикунонӣ ва инноватсия: мушкилот ва дурнамои рушди он” баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.

Дар конференсия масоили зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

  1. Масоили рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт: мушкилот ва дурнамои рушди он;
  2. Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. Аҳамияти маркетинги рақамӣ дар рушди иқтисодиёти инноватсионӣ;
  4. Масоили рушди менеҷменти рақамӣ;
  5. Ташаккули иқтисодӣ даврӣ ва соҳибкории сабз;
  6. Рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ;
  7. Ташаккули самаранокии фаъолияти гумуркӣ дар шароити рақамикунонӣ.

Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 15-уми октябри соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 22-уми октябри соли 2025  пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.

Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 22 октябри соли 2025 фиристода мешаванд.

Абураҳмон Ҳакимзода  (мутасаддӣ) Тел.: +992 907 70 48 90.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

PDF:  МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ ДДТТ 24.10.2025

          ЭЪЛОНИ КОНФРЕНСИЯ_Taj_ ДДТТ 24.10.2025

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top