Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 18-уми октябри соли 2025 гузаронидани конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Суғуртаи тиббӣ: масъалаҳо ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
- Омилҳое, ки ба рушди суғуртаи тиббӣ таъсир мерасонанд;
- Самтҳои афзалиятноки ташаккулёбии суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Таҷрибаи давлатҳои ИДМ дар ташаккул ва рушди фаъолияти суғуртаи тиббӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- Баъзе масъалаҳои андозбандии ташкилотҳои суғуртавӣ дар шароити рақамикунонӣ;
- Муаммоҳои рушди фаъолияти суғуртаи тиббӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ.
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 11-уми октябри соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 11-уми октябри пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.
Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 11-уми октябри соли 2025 фиристода мешаванд.
Дустматов Баҳодур Муродович (мутасаддӣ) Тел.: +992918986464.
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
PDF: МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ ДДТТ 18.10.2025
ЭЪЛОНИ КОНФРЕНСИЯ ДДТТ 18.10.2025
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ