Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 14-уми октябри соли 2025 гузаронидани конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ» баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
- Нақши соҳибкорӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар
- Инноватсия ва рақамикунонӣ: Раванди истифодаи технологиҳои нав барои беҳтар кардани фаъолияти соҳибкорӣ
- Вазъи ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ
- Равишҳои маблағгузорӣ ва соҳибкории рақамӣ
- Таъсири иқтисоди рақамӣ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 08-уми октябри соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.