Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ Мизи мудавварро ба нақша гирифтанд, ки ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, 4 октябри соли 2025 (соати 10.00) баргузор мегардад. Забони чорабинӣ – тоҷикӣ, русӣ.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ҷалби таваҷҷӯҳи доираҳои илмию амалӣ ба масъалаҳои мубрами таҳияи санадҳои қонунгузорӣ тибқи қоидаҳои грамматикаву имлои забони тоҷикӣ ва такмили истилоҳоти ҳуқуқӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷод мебошад.
Ба Мизи мудаввар олимони соҳаҳои ҳуқуқ, омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, докторантҳо, аспирантҳо, магистрантҳо, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзуъ таваҷҷӯҳ доранд, даъват карда мешаванд.
Маводи ҷамъбастии чорабинӣ аз рӯйи натиҷаҳои тақриз ва санҷиши пешакӣ дар сомонаи донишгоҳ ҷойгир карда мешавад.
Барои иштирок дар чорабинӣ то 27 сентябри соли 2025 ирсоли дархост ба суроғаи электронии ҳамоҳангсоз (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) бо зикри насабу ном, дараҷаи илмӣ, ҷой кор, мансаби ишғолкарда ва мавзуи баромад зарур мебошад.
Дар мавзуи мактуб лутфан рамзи Мизи мудавварро нишон диҳед: Мм-ЗҲ-25. Баъди қабули дархост Кумитаи тадорукот мувофиқатии мавзуи баромадро бо рӯзномаи Мизи мудаввар месанҷад ва дар давоми ду рӯзи корӣ ба суроғаи электронии муаллиф оид ба ворид намудан ба барномаи чорабинӣ ё ради он бо зикри сабаб хабар медиҳад.
Дархосте, ки баъди муҳлати муайяншуда пешниҳод мегардад, ба барнома ворид карда намешавад.
Бо эҳтиром,
Кумитаи тадорукот