Ҷаласаҳои мониторингии лоиҳаи "CirculEC"- Октябр 2025

Бинанда: 24 | Санаи нашр: 11 Сентябр 2025

Иқдоми навбатӣ дар доираи барномаи Erasmus+, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ҷаласаҳои мониторингӣ дар доираи лоиҳаи "CirculEC" – Таҳияи барномаҳо ва модулҳои нави таълимӣ оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор баргузор мегарданд.

Ҷадвали вохӯриҳо:

6–7 октябр – Донишгоҳи Казпотребсоюзи шаҳри Қарағанда, Қазоқистон

9–10 октябр – Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар Тошканд, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ,  Ӯзбекистон

13–14 октябр – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Дар ҷаласаҳо шарикони лоиҳаи CirculEC ҷамъ омада, назорат ва арзёбии татбиқи озмоишии модулҳо ва маводҳои нави таълимиро дар сатҳҳои зерин анҷом медиҳанд:

  • Сатҳи бакалаврӣ
  • Сатҳи магистрӣ
  • Сатҳи таълими якумрӣ

Натиҷаҳои ин вохӯриҳо барои таҳияи Ҳисоботи Озмоишии мукаммал оид ба ҳамгироии модулҳои иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор ба низомҳои таълимии донишгоҳҳои шарик дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳанд кард.

Хабарҳо ва рӯйдодҳои муҳимро аз ҳар як сафар дар доираи лоиҳа пайгирӣ намоед!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top