БА ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОНИ КОМЁБГАРДИДА!

Бинанда: 244 | Санаи нашр: 26 Июл 2025

Рӯзи 25.07.2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабони дар озмуни тақсимоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбгардида оғоз гардид, ки он то 6-уми августи соли 2025 идома меёбад.

Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот комёбгардида бояд ба комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пешниҳод намоянд:

1) диплом ё аттестат - асл;

2) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);

3) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);

4) маълумотнома аз ҷойи зист;

5) шиноснома (асл ва нусха);

6) билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);

7) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).

КОМИССИЯИ ҚАБУЛИ ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top