Ба диққати намояндагони васоити ахбори омма расонида мешавад, ки 24-уми июли соли 2025, соати 8:00 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор мегардад.
Намояндагони васоити ахбори оммаро лутфан барои иштирок дар чорабинии мазкур даъват менамоем.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, бинои асосӣ, ошёнаи чорум, толори Шурои диссертатсионӣ.
РАЁСАТИ ДДТТ