КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ВА РУШДИ МАРКЕТИНГИ РАҚАМӢ”

Бинанда: 157 | Санаи нашр: 29 Май 2025

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 04-05-уми июни соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзуи “Менеҷменти инноватсионӣ ва рушди маркетинги рақамӣ” баргузор менамояд. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

1. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иннноватсия ва иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Масоили мубрами менеҷмент ва маркетинг дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳо;

3. Моликияти зеҳнӣ ва менеҷменти инноватсионӣ;

4. Стратегияи рушди маркетинги рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Рушди иқтидори кадрӣ дар МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Самтҳои асосии рушди бозори сайёҳӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ;

7. Ташаккули технологияи рақамӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ

 Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандон метавонанд то 31-уми майи соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоянд.

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top