Таҳсил дар Донишгоҳи Малага дар доираи барномаи Эрасмус+ КА171

Бинанда: 191 | Санаи нашр: 25 Апрел 2025

Ба диққати донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки Донишгоҳи Малага (Universidad de Málaga), Шоҳигарии Испания дар доираи барномаи Эрасмус+ КА171 барои донандагони забонҳои испанӣ ва англисӣ бурсия дар соли таҳсили 2025-2026 дар донишгоҳи номбурда пешниҳод менамояд.

 

Талаботҳо:

Нусхаи шиносномаи хориҷӣ;

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯӣ;

Транскрипт (ҳадди ақал GPA 3.5);

Сертификати забонҳои испанӣ ва англисӣ (B1, B2);

Мактуби ангезавӣ (motivation letter);

Тавсиянома (2 дона);

Дипломи дараҷаи бакалавриатура (барои магистратура);

Лоиҳаи рисолаи магистрӣ (барои магистратура);

Лоиҳаи рисолаи доктор PhD (барои доктор PhD );

Шартномаи омӯзишӣ дар давоми таҳсил дар Донишгоҳи Малага;

 

Барои маълумоти муфассал: https://www.uma.es/

 

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15.05.2025

 

 

Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоед.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top