Тибқи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои соли 2025, моҳи апрели соли ҷорӣ дар донишгоҳ гузаронидани конференсияи илмию назариявии ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи ҷадвали тасдиқшуда конференсияи илмию назариявии ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ аз 21.04.2025 то 23.04.2025 ва конференсияи илмию назариявии донишҷӯёни донишгоҳ аз 24.04.2025 то 26.04.2025 гузаронида мешавад.
Барномаи конференсия: Барномаи конференсия 2025.pdf
Раёсати илм ва инноватсия