07 апрели соли 2025, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмии байналмилалиро дар мавзӯи “Рақамикунонии сохтмон ва иқтисодиёти сабз — роҳ ба сӯи ояндаи устувор” баргузор мекунанд. Барои ширкат дар конфронс устодону омӯзгорон, кормандони илмӣ, докторантҳо, магистрантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд.
Сана: 07 апрели соли 2025
Макони баргузорӣ: Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (дар шакли онлайн низ имконпазир аст).
Мавзӯъҳои асосии конфронс:
- Рақамикунонӣ дар сохтмон: технологияҳои муосир ва дурнамои рушд.
- Иқтисодиёти рақамӣ: тамомилҳо ва ҷолишҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ.
- Рақамикунонии равандҳои тиҷорат ва савдо.
- Рушди технологияҳои инноватсионӣ ва ҳалли муаммоҳои рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Иқтисодиёти сабз ва рушди устувор: ҳалли мушкилоти рақамикунонӣ барои экология.
Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Шакли иштирок: рӯзона, гоибона.
Мақолаҳои илмӣ ва дархостҳо барои иштирок дар конференсия то 2 апрели соли 2025
дар суроғаи: ш. Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ, 169 ё тавассути почтаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. қабул карда мешаванд.
Маълумот барои тамос:
Кумитаи ташкилии конференсия: Мирпочоев Д.А. — муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ. Тел: +992 926 004 926.