Бурсия дар доираи барномаи Эрасмус+

Бинанда: 325 | Санаи нашр: 26 Март 2025

Ба диққати омӯзгорони донишгоҳ расонида мешавад, ки Донишгоҳи Виго, Шоҳигарии Испания (Universidade de Vigo, Spain) дар доираи барномаи Эрасмус+ КА171 бурсия пешниҳод менамояд. Ин бурсия барои омӯзгороне пешбинӣ шудааст, ки донандаи забони англисӣ ва испанӣ буда, хоҳиши гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва иштирок дар семинарҳо дар самтҳои иқтисодиёт, сиёсат, сайёҳӣ, менеҷмент ва молияро доранд.

Аз ҳамаи омӯзгорони хоҳишманд даъват карда мешавад, ки барои дарёфти бурсия дар муҳлати муайяншуда ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат кунед.

Маълумоти муфассал:

https://www.uvigo.gal/en

Талабот:

✔ Пешниҳоди маълумотнома (CV) бо забони англисӣ;

✔ Пешниҳоди барномаи корӣ барои рӯзҳои интихобшуда;

✔ Донистани забони англисӣ ва испанӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом ё сертификат);

✔ Пешниҳоди шиносномаи хориҷӣ.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 2-уми апрели соли 2025.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top