11 апрели соли 2025, Донишгоҳи инноватсионии Қазоқистони Ғарбӣ ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ Конфронси илмии байналмилалиро дар мавзӯи “Таҳаввули иқтисодии ҷаҳонӣ: мушкилот ва имкониятҳо дар асри рақамӣ” баргузор мекунанд.
Барои ширкат дар конфронс устодону омӯзгорон, кормандони илмӣ, докторантҳо, магистрантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд.
Сана: 11 апрели соли 2025, соати 10:00 (ба вақти Душанбе)
Макони баргузорӣ: Конференс-зали Донишкадаи таълим ва менеҷменти Донишгоҳи инноватсия ва технологияи Қазоқистони Ғарбӣ ва ҳамчунин толори шурои диссертатсионии ДДТТ (дар шакли онлайн низ имконпазир аст).
Барои ширкат: устодону омӯзгорон, кормандони илмӣ, докторантҳо, магистрантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд.
Мавзӯъҳои асосии конфронс:
- Бозори ягонаи рақамӣ ва инноватсия
- Ояндаи бонкдорӣ ва технологияҳои молиявӣ (FinTech)
- Табодули рақамӣ ва қувваи кории ҷаҳонӣ
- Рақамикунонӣ дар бахшҳои анъанавӣ
- Рушди баҳисобгирии муҳосибӣ дар иқтисодиёти рақамӣ
Забонҳои кории конфронс: русӣ, англисӣ, қазоқӣ
Шакли ширкат: ҳузурӣ/онлайн
Барои иштирок дар конфронс, лутфан дархости худро ва мақола (таҳияшударо) ба почтаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. то 20 марти 2025 ирсол кунед.
Шумораҳои телефон:
Ҷумҳурии Қазоқистон:
+7 747 611 3926
+7 775 218 6603
Ҷумҳурии Тоҷикистон:
(+992 34) 234-85-44
(+992) 937 266 050