ТАҲИЯИ БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО ХУСУСИЯТИ РУШДИ УСТУВОР

Бинанда: 164 | Санаи нашр: 28 Феврал 2025

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ омӯзгоронро барои иштирок дар силсила тренингҳо оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ, ки ба шакли ҳузурӣ (офлайн) ва маҷозӣ (онлайн) ташкил мешаванд, даъват менамояд. Тренингҳои мазкур аз 11 то 27 марти соли 2025 дар доираи лоиҳаи Эрасмус + «CirculEc» дар донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупо — Неаполи Италия, Билефелди Олмон ва Сантяго-де-Компостелаи Испания баргузор мегарданд.

Ҳадафи асосии тренингҳои мазкур — таҳкими қобилиятҳои омӯзгорони донишгоҳҳои Осиёи Миёна ҷиҳати таҳияи барномаҳои таълимӣ бо хусусияти рушди устувор мебошад.

Тренингҳо мавзуъҳои зеринро дар бар мегиранд:

  • Асосҳои иқтисоди даврӣ;
  • Хусусиятҳои минтақавӣ ва шаҳрӣ;
  • Менеҷменти корпоративии экологӣ ва иқлимӣ;
  • Соҳибкории устувори даврӣ ва бизнес-моделҳо;
  • Рейтингҳои устуворӣ ва рақобатпазирии кишварҳои Осиёи Миёна.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии ДДТТ муроҷиат намоед.

 

CirculEC_Agenda_Naples.pdf

  

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top