Мизи мудаввар дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ ва пойгоҳи забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз арзишҳои миллӣ”

Бинанда: 223 | Санаи нашр: 20 Феврал 2025

Ҳамасола 21-уми феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯзи таърихӣ дар Иҷлосияи 30-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17-уми ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, ба мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногун эълон гардид.

Тоҷикон хушбахтанд, ки чунин забони бузург, дар ғановат камназир, шевою гӯшнавоз ва биҳиштӣ насибашон гардидааст.

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забонҳо санаи 21-уми феврали соли 2025 соати 10:00 мизи мудаввар дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ ва пойгоҳи забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз арзишҳои миллӣ” баргузор мегардад.

БАРНОМАИ МИЗИ МУДАВВАР

  1. Сухани ифтитоҳии ректори ДДТТ профессор Назарзода Хайрулло Холназар
  2. Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло - раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ ва пойгоҳи забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз арзишҳои миллӣ”
  3. Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович – н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ дар мавзуи “Нақши забони миллӣ чун воситаи наҷоти миллат дар таълимоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”
  4. Насриддиниён Бобишоҳ Ҳасанпур – н.и.ф., и.в. дотсенти кафедраи забонҳои ДДТТ дар мавзуи “ Ҷойгоҳи забон дар эҳё, тарғиб ва рушди арзишҳои миллӣ”
  5. Акрамов Файзалӣ Маҳрамович - н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои ДДТТ дар мавзуи “Истифодаи ҷамъбандии исмҳои забони арабӣ дар забони тоҷикӣ”
  6. Абдулазизова Зебо Садулаевна - н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои ДДТТ дар мавзуи “Таджикский язык – наш дар бесценный”
  7. Қироати шеърҳо дар васфи забони модарӣ (хонандагони литсейи ДДТТ)

Ҳаводорони илмро барои иштирок дар мизи мудаввар таманно менамоем!

Кумитаи тадорукот: Кафедраи забонҳои ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top