Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, муайян намудани донишҳои касбӣ ва ғайри касбӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, донистани конститутсия, қонунҳо, қарорҳо, барномаҳо, ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи кишвар ва дарёфти чеҳраҳои лаёқатманди омӯзгор-ҳуқуқдон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва инкишоф додани неруи зеҳнии онҳо буда даври якум – даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин омӯзгор-ҳуқуқшинос» дар байни омӯзгорон то 15.03.2025 гузаронида мешавад:
ТАЛАБОТ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
-
Омӯзгороне, ки дар озмун хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд ба талаботи зерини ҷавобгӯ бошанд:
-
Навиштани иншо (эссе) дар ҳаҷми то 200 калима (дар доираи мавзуъҳои пешниҳодшуда);
-
Муарифии малака ва маҳорати касбии омӯзгорӣ дар ҳаҷми 50 дақиқа дарси лексионӣ. Интихоби мавзуи дарси лексионӣ барои омӯзгор аз рӯи барномаи умумии таълимӣ, ки омӯзгор дарс медиҳад, аз ҷумлаи кайфияти ҳакамон дар рӯзи баргузории озмун интихоб карда мешавад ва омӯзгор аз рӯи ҳамон мавзуъ дарс мегузарад.
-
Донистани Конститутсия, қонунҳо, консепсияҳо, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи кишвар;
-
Пешниҳоди дастовардҳои таълимӣ методӣ (тибқи замимаи 2 агар бошад);
-
Сатҳи забондонӣ (забони тоҷикӣ, забони русӣ ва англисӣ).
Иштирокчиён маводҳои озмуниро метавонанд то санаи 15.03.2025 ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.