Конфронси II илмӣ-амалии байналмилалӣ

Бинанда: 189 | Санаи нашр: 25 Январ 2025

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 30-31-уми январи соли 2025 конфронси II илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит, андозбандӣ, назорати давлатии молиявӣ: таҳдидҳои муосир ва самтҳои рушд» баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

Бахш I. Рушди баҳисобгирӣ, таҳлил, назорат, аудит ва омор дар шароити рақамикунонӣ

Бахш II. Тағйироти молия, бонкдорӣ ва андозбандӣ дар шароити инқилоби рақамӣ

Бахш III. Таҳдидҳои рақамикунонӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ

Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 27-уми январи соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 27-уми январи соли 2025 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.

Даъватномаҳо барои иштирок дар конфронс то 27 январи соли 2025 фиристода мешаванд.

Раҷабов Олимхон Ҷурахонович (мутасаддӣ) Тел.: (+992 34) 234-85-44, (+992) 555552978.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

PDF: Мактуби иттилооти КОНФЕРЕНСИЯ 30-31.01.2025.pdf

 

 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top