Бурсияи Донишгоҳи Глобалии Ҳандонг барои омӯзгорон!

Бинанда: 248 | Санаи нашр: 25 Январ 2025

Ба диққати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки мехоҳанд дониш ва малакаҳои касбии худро дар муҳити байналмилалӣ рушд диҳанд, расонида мешавад, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Донишгоҳи Глобалии Ҳандонг, Кореяи Ҷанбуӣ бурсия барои гузаронидани дарсҳои намунавӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024 - 2025 оғоз намудааст.

Дар давоми як семестр омӯзгорон метавонанд, ки дарсҳои намунавӣ дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, муҳандисӣ, фанҳои гуманитарӣ, ҳуқуқ ва ғайра вобаста ба мавзӯҳои муайян гузаранд.

Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 10.02.2025

Барои маълумоти муфассал: https://www.handong.edu/eng/

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top