LC Waikiki озмуни қабули иштирокчиёнро барои Барномаи Омӯзишии Менеҷерон эълон мекунад.
Агар шумо ҳадафмандед, истеъдоди роҳбарӣ доред, донандаи забони англисӣ бошед ва ба пайдо кардани кори муҳим омода бошед – мо шуморо интизорем!
Барнома дар бар мегирад:
- Марҳилаи интихоб: Санҷиши тестӣ, мусоҳиба, маркази баҳодиҳӣ.
- Марҳилаи омӯзиш: таҳсили 4-моҳа бо маош дар мағозаҳои ширкат (+ курсҳои онлайн ва омӯзиши амалӣ дар ҷойи кор).
- Имтиҳони ниҳоӣ: Арзёбии назариявӣ ва амалӣ.
Манфиатҳои шумо:
- Мушовирӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба.
- Таҷрибаи нодир дар идоракунии савдои чакана.
- Имконияти рушди касбӣ.
- Маоши рақобатпазир.
- Кор дар як ширкати бузурги байналмилалӣ.
- Дастаи фаъол ва дӯстона.
- Ҷадвали кории чандир.
Ҷадвали барнома:
- Интихоб: Январ–Феврали 2025.
- Омӯзиш: Март–Июни 2025.
Ҳамаи иштирокчиёне, ки барномаро бо муваффақият хатм мекунанд, ба ширкат ба кор қабул карда мешаванд.
Чӣ тавр муроҷиат кардан: Резюмеи худро бо забони англисӣ ба
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоед.