ИМКОНИЯТИ ОЛИҶАНОБ ДАР ДОИРАИ БУРСИЯИ ОМӮЗИШИИ ЛЕЙН КИРКЛАНД БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026!

Бинанда: 93 | Санаи нашр: 11 Январ 2025

Ба диққати омӯзгорон ва довталабони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки барномаи байналмилалии ба номи Лейн Киркланди Ҷумҳурии Лаҳистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои соли таҳсили 2025/2026 оғоз намудааст.

Дар давоми ду семестр донишҷӯён дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Лаҳистон аз рӯи самтҳои гуногун, ба монанди иқтисодиёт, ҳуқуқ, илмҳои гуманитарӣ, киберамният ва ғайра омӯзонда мешаванд.

Барнома инчунин таҷрибаомӯзии касбӣ, иштирок дар семинарҳо ва конференсияҳои сатҳи байналмилалиро дар бар мегирад.

Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоед.

Барои маълумоти муфассал:

www.leadersofchange.pl

https://kirkland.edu.pl/en/scholarship-competition

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top