Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 27-уми ноябри соли 2024, соати 11:00 Семинари байналмилалии илмӣ – амалиро дар мавзуи “Тақвиятбахшии соҳаи суғурта дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти давлатҳои аъзои ИДМ” баргузор менамояд.
Мақсади баргузории чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони ширкатҳои суғуртавӣ, мутахассисони соҳаи иқтисод ба масоили асосии рушди соҳаи суғурта дар заминаи рақамикунонии иқтисодиёти давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад. Чорабинӣ инчунин барои таҳияи тавсияҳо оид ба беҳбуд бахшидани самаранокии низомҳои суғуртавӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар ин соҳа мусоидат мекунад.
Ба кори семинари байналмилалӣ олимони соҳаҳои иқтисодиёт ва молия ва бонкдорӣ, омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.
Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 27-уми ноябри соли 2024, соати 11:00, дар бинои асосии донишгоҳ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.