Мизи мудаввар дар мавзуи “Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таҳким ва суботи истиқлолияти кишвар”

Бинанда: 337 | Санаи нашр: 11 Ноябр 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 14-уми ноябри соли 2024, соати 11:00 мизи мудавварро дар мавзуи   “Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ  дар таҳким ва суботи истиқлолияти  кишвар”,” баргузор менамояд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ - таъкид ба аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ – баррасии таъсири ин иҷлосия ҳамчун як рӯйдоди муҳим дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва суботи истиқлолият мусоидат намуд, таҳлили муваффақиятҳои кишвар дар замони истиқлолият – муҳокимаи комёбиҳо ва таҳқиқи нақши ин иҷлосия дар рушди сиёсии Тоҷикистон ва аҳамияти он барои таъмини суботу оромӣ дар кишвар, рушди худшиносии миллӣ ва арзишҳои давлатдорӣ – баланд бардоштани маърифати ҷавонон дар робита ба аҳамияти давлатдории миллӣ, истиқлолият ва рӯйдодҳои муҳим, ки ба пешрафти кишвар саҳми муҳим гузоштаанд.

Дар чорабинӣ олимон, мутахассисон ва муҳаққиқони соҳаи таърих ва сиёсат иштирок менамоянд.

Ба мизи мудаввар олимону омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 14-уми ноябри соли 2024, соати 11:00, дар бинои асосии донишгоҳ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top