Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" Озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаҳои илмию оммавӣ" баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории Озмун баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, муайян намудани беҳтарин осори илмӣ ва оммавию ҳуқуқӣ, тақвияти касбияти муҳаққиқону олимон дар соҳаи ҳуқуқ ва рушди илми ҳуқуқи ватанӣ мебошад.
Беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ: бо мукофотҳо аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Довталабон метавонанд маводро барои озмун то санаи 15-уми ноябр соли 2024 тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод намоянд. Маълумоти бештар бо телефони 234-84-34.
https://khovar.tj/2024/08/amri-prezidenti-um-urii-to-ikiston-26/