Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилло медиҳад, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти нерӯи илми ватанӣ, муаррифии дастовардҳои олимону таққиқотчиёни кишвар дар фазои илмии байналмилалӣ ва фаъолияти 10 солаи Комиссияи олии аттестатсионӣ, маҷаллаи байналмилалии илмии "Фурӯғи илм" таъсис дода шудааст, ки нашри навбатии он дар моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст. Олимону муҳаққикон метавонанд мақолаҳои илмии худро дар мавзуҳои мубрам бо риояи талаботи муайяншуда ба суроғаи Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод намоянд.
Маҷаллаи байналмилалии илмии "Фуруғи илм" ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Талабот барои нашри мақола: https://vak.tj/hac_new/index.php/koa/furughi-ilm