Семинари ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ

Бинанда: 411 | Санаи нашр: 12 Октябр 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 14-уми октябри соли 2024, соати 14:00 Семинари ҷумҳуриявии илмӣ – назариявиро дар мавзуи “Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” баргузор менамояд.

Мақсади баргузории семинари ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳлили равандҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ мебошад. Чорабинӣ ба баррасии мушкилот ва имкониятҳои соҳибкорӣ дар заминаи технологияи рақамӣ ва дастгирии он дар шароити муосир равона гардидааст. Ҳадафи дигар мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи соҳибкорон ва дигар гурӯҳҳои манфиатдор дар самти истифодаи технологияи рақамӣ барои рушди иқтисод мебошад.

Ба кори семинар олимони соҳаҳои иқтисодиёт, омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 14-уми октябри соли 2024, соати 14:00, дар бинои №7 ошёнаи 3, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top