Форуми арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, ки бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, 29-30 август соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир мешавад. Ин чорабинӣ аз ҷониби Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷорат (CLDP) ва Департаменти савдои Иёлоти Муттаҳида ташкил карда шудааст.
Ҳадафи форум мусоидат ба рушди низоми ҳуқуқии тиҷорат дар кишвар мебошад. Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ масъалаҳои муҳими арбитраж ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ мешаванд. Форуми байналмилалии ҳакамии тиҷоратӣ ин таҳкими ҳамкорӣ ва мусоидат ба рушди низоми арбитражии байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва минтақа мебошад.
Форум имконият медиҳад, ки коршиносон ва намояндагони бахши тиҷоратӣ таҷриба ва донишҳои худро дар самти ҳаллу фасли баҳсҳои тиҷоратӣ, таҳкими донишу малакаи ҳуқуқӣ ва баррасии масъалаҳои муосири ҳуқуқи тиҷоратӣ мубодила кунанд. Ҳамчунин, ин чорабинӣ равобити байналмилалии ҳуқуқии тиҷоратиро тақвият мебахшад.
Ба кори форуми арбитражи байналмилалии олимони соҳаҳои мазкур, омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзуъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.
Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 29-30 август соли 2024, соати 09.00, дар бинои асосии донишгоҳ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.
БАННЕРИ ФОРУМ: BANNER Форуми арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ
Раёсати илм ва инноватсия