Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 26-27-уми августи соли 2024, курси тобистона оид ба Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро бахшида ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор менамояд.
Курси тобистона оид ба Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ барномаи омӯзишии фишурдаест, ки барои мутахассисони ҳуқуқӣ, донишҷӯён ва омӯзгорони Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар ин курс масъалаҳои асосии арбитражи байналмилалӣ, қоидаҳои мурофиавӣ ва механизмҳои ҳалли баҳсҳо дар тиҷорати ҷаҳонӣ омӯхта мешаванд. Иштирокчиён дониши амиқ ва малакаҳои амалӣ дар самти ҳаллу фасли баҳсҳои тиҷоратиро дар сатҳи байналмилалӣ ба даст оварда, ба пешбурди арбитраж дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ –таҳкими низоми арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ва минтақа мебошад. Ин чорабинӣ ба рушди ҳуқуқи тиҷоратии байналмилалӣ, мубодилаи донишҳо ва таҷрибаҳо дар ҳаллу фасли баҳсҳои тиҷоратӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Ҳадаф фароҳам овардани имкониятҳо барои омӯзгорон, мутахассисон ва олимони соҳаи ҳуқуқ барои баррасии масъалаҳои муҳим ва тақвияти малакаи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон аст.
Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 26-27 август соли 2024, соати 09.00, дар бинои асосии донишгоҳ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.
БАРНОМАИ КУРСИ ТОБИСТОНА: TAJ SC Draft Agenda
Раёсати илм ва инноватсия