ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО ДАР ЗИННАИ МАГИСТРАТУРА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ

Бинанда: 521 | Санаи нашр: 08 Июл 2024

Қабул ба магистратураи Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯи ихтисосӽои зерин роӽандозӣ шудааст:

 

25 01 03 Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

25 01 04   20 Молия ва қарз

25 01 08 20 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

25 01 07 30 Иктисодиёт ва идоракунӣ дар корхона

26 02 02 15 Менеҷмент

25 01 09 15 Молшиносӣ ва муоинаи мол

96 01 01  10 Хадамоти гумрукӣ

24 01 03 15 Ҳуқуқи иқтисодӣ

25 01 04 02 Кори бонкӣ

40 01 02 02 Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)

 

Мӯӽлати таӽсил дар магистратура (тибқи низоми кредитӣ):

дар шуъбаи рӯзона – 2 сол

дар шуъбаи ғоибона – 3 сол

 

Барои қабул ба магистратура довталабон ӽуҷҷатӽои зеринро пешниӽод менамоянд:

- аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва ихтисоси он;

- дипломи таӽсилоти олии касбӣ ва замимаи он;

- ӽуҷҷат оид ба эътирофи маълумоти олӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон (барои шаӽрвандони хориҷӣ);

- тавсияномаи комиссияи аттестат-сионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;

- маълумотномаи тиббӣ (шакли 086/У);

- 6 адад акс (андозаи 3х4);

- шиноснома (нусха);

- билети ӽарбӣ ё шаӽодатномаи ӽарбии даъватшаванда;

- тавсифнома (аз донишгоӽ ё ҷои кор);

- дигар ӽуҷҷатӽои тасдиқкунандаи пешрафти корӽои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забонӽои хориҷӣ, малакаи кор бо компютер, нусхаи мақолаӽои илмӣ ва ғайра.

 

Магистрантон ӽуқуқ доранд баъди як соли таӽсил дар Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, таӽсилро дар  магистратураи донишгоӽӽои бонуфузи кишварӽои ҷаӽон идома диӽанд.

 

Магистрантон бо хобгоӽ ва ҷиӽозӽои таълимӣ пурра таъмин карда мешаванд.

 

Суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯчаи Деӽотӣ 1/2, тел.: (992 37) 2348346

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top