Дафтари миллии Эрасмус+ дар Тоҷикистон 25-уми майи соли 2024, соати 10:00 рузи иттилоотиро дар мавзуи “Рӯнамои барномаи Эрасмус+: Имкониятҳо ва имтиёзҳо” баргузор менамояд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ – ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯёну магистрантон ва доираҳои илмию тадқиқотии муассисаҳои олии касбии кишвар барои иштирок дар Барномаи Эрасмус+ ба ҳисоб меравад. Барномаи мубодилавии Эрасмус+ яке аз имкониятҳои беҳтарин барои гирифтани таҳсилот аз хориҷи кишвар барои донишҷӯён мебошад.
Масъалаҳои муҳокимашаванда дар рӯзи иттилотии барномаи Эрасмус+ :
- Эрасмус+ ва ҳадафҳои асосии он.
- Баррасии имкониятҳои мавҷуда барои МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯён;
- Барномаи Эрасмус+ барои рушди таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он;
- Арзёбии таъсири лоиҳаҳои Эрасмус+ ба низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Имтиёзҳо дар раванди иштирок дар барномаи Эрасмус+;
- Андешаҳои иштирокчиёни Эрасмус+ оид ба муваффақиятҳои худ.
Ба рӯзи иттилоотии барномаи ЭРАСМУС+ донишҷӯёну магистрантон ва доираҳои илмию тадқиқотии муассисаҳои олии касбии кишвар, ки нисбати барномаи ЭРАСМУС+ таваҷҷуҳ доранд, тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ (онлайн) даъват карда мешаванд.
МАНБА БАРОИ ВОРИД ШУДАН: https://meet.google.com/gxa-bkkt-ihs
Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 25-уми майи соли 2024, соати 10:00, дар бинои №1, ошёнаи 4, толори дисертатсионӣ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.